Кеиван Пахлаван Эзатоллах. Устная поэзия в традиционной культуре Мазандаранской области Ирана




  • скачать файл:
  • title:
  • Кеиван Пахлаван Эзатоллах. Устная поэзия в традиционной культуре Мазандаранской области Ирана
  • Альтернативное название:
  • Кеіван Пахлаван Езатоллах. Усна поезія у традиційній культурі Мазандаранской області Ірану Keevan Pahlavan Ezatollah. Oral poetry in the traditional culture of the Mazandaran region of Iran
  • The number of pages:
  • 153
  • university:
  • Душанбе
  • The year of defence:
  • 2013
  • brief description:
  • Кеиван Пахлаван Эзатоллах. Устная поэзия в традиционной культуре Мазандаранской области Ирана : диссертация ... кандидата филологических наук : 10.01.03 / Кеиван Пахлаван Эзатуллох; [Место защиты: Тадж. нац. ун-т].- Душанбе, 2013.- 153 с.: ил. РГБ ОД, 61 14-10/459




    04201453350 ^а пРавахрукописи


    УСТНАЯ ПОЭЗИЯ В ТРАДИЦИОННОЙ КУЛЬТУРЕ МАЗАНДАРАНСКОЙ ОБЛАСТИ ИРАНА
    10.01.03 - литература народов стран зарубежья (персидская литература)
    ДИССЕРТАЦИЯ на соискание ученой степени кандидата филологических наук
    Научный руководитель:
    доктор филологических наук Рахмонов Р.К.
    Душанбе - 2013 
    ПАЖУХ,ИШГОХИ УЛУМИ инсонии академияи ИЛМХОИ ■ чумхурии то^икистон

    Дар асоси дастнавис
    Пахлаван Кеиван Эзатоллах,
    Назми шифохи дар суннати фархангии Мозандарони Эрон
    10.01.03. - Адабиёти халкдои кишварх,ои хоричй (адабиёти форси)
    РИСОЛА барои дарёфти дарачаи номзади ИЛМХ.ОИ филологй
    Рох,бари илмй: доктори илмхои филологй, профессор Рахмонов Равшан Кахдорович
    Душанбе — 2013
    з
    ФЕХ,РИСТ
    МУКАДДИМА 4
    БОБИ 1: МУСИТИ ^УГРОФЙ, ТАЪРИХЙ, ФАРХДНГИИ МОЗАНДАРОН ВА ОМУЗИШИ НАЗМИ ШИФОХ,ИИ ОН 10
    1) . Мухити чугрофй, таърихй ва фархангии Мозандарон 10
    2) . Масъалаи омузиш ва пажухиши назми шифохй
    дар Мозандарон 14
    БОБИ 2: НАЗМИ ШИФОХІИИ МОЗАНДАРОН ДАР МУСИТИ ФАРХДНГИ СУННАТЙ 31
    1) . Назми шифохй дар раванди суннатхои мардумй 31
    2) . Таъзия ва марсия дар назми шифохии Мозандарон 54
    БОБИ 3: НАЗМИ ШИФОНИ ДАР НАСРИ ШИФОХЙ В А НАКЛХОИ МАРДУМЙ 74
    1) . Назми шифохй дар афсонахо, достонхо ва
    дар бораи шахсиятхои таърихй 74
    2) . Махсусияти сурудхои «толибо» ва «амирй» 110
    Хулоса 137
    Китобнома 140
    МУКДДДИМА
    Мохият. Яке аз масоили бисёр мухим ва умда дар фархднги мардуми (фолкори) кишвархои олам гирдоварй, нашр ва баъдан баррасии ин осори арзишманд аст. Оид ба ин масъала имрузхо дар тамоми кишвархои пешрафтаи дунё тавччух зохир мешавад. Аз ч,умла, ахиран, дар огози садаи XXI, дар Руссия, ин масъала ахамияти вижае пайдо намудааст [Ниг.: 145; 146; 147; 148].
    То ба имруз дар Эрон низ аз чониби пажухандагон корхои зиёде шудааст. Хар сол чанд мачмуа аз осори шифохии ин ё он манотик ба нашр мерасад. Яке аз манотике, ки фарханги суннатии худро то ба кунун нигох доштааст ва холо хам бисёр расму оинхо ба таври хамон кадимиааш бокй мондааст, ин устони Мозандарони Эрон аст. Метавон ёдовар шуд, ки дар натопчи бо суръат рушд намудани васоити техник чойгохи фарханги суннатии мардум низ дар солхои авохир дигар мешавад. Наели чавон бештар ба падидахои нав ру меоваранд. Аз ин ру гирдоварй, нашр ва баррасии матнхои фолклорй, дар айни замой назми шифохй, мохияти бештар ба худ касб менамояд. Чунки хар маводи фарханги мардум як чихати рузгори мардумро рушан месозад ва баъзе нуктахои рузгори моддй ва маънавии мардумро ошкор менамояд.
    Чандин сол аст, ки мо бо гирдоварии фолклорй мардуми устони Мозандарон машгул хастем. Таваччухи моро бештар осори манзум чалб намуд. Ба хусус он осоре, ки тавассути оханг сароида мешавад. Бархе аз мутуни гирдовардаи худро дар китоби «Мусикии Мозандарон» ба нашр расонидем [Ниг.: 45]. Дар ин рисола мехохем рочеъ ба осори манзуми устони Мозандарон, ки дорой гуиши хос мебошанд, сухан бигуем.
    Маъмулан мардум ба он мутуни манзуми сода мухаббати зиёд доранд ва онхоро дар раванди фаъолияти рузгори хеш истифода менамоянд, ки ин матнхо дар зиндагй ба хисси онхо, дар хамон мухит бидуни таъсир нест. Барой хамин тахкик ва тахлили ин мутун бисёр
    мухим аст. Чунки дар онхо шодию нишот, гаму гусса ва ба таври куллй хаёти маънавии мардум инъикос ёфтааст.
    Мохияти дигари тахкики мо дар он аст, ки то ба хол назми шифохии устони Мозандарони Эрон дар як рисолаи чудогона мавриди тахлил ва тахкик карор нагирифтааст. Ин рисола аввалин кушише аст, ки дар он осори то ба имруз аз чониби пажухандагон нашр гардида ва аз чониби худи мо дар раванди корхои майдонии инфиродй гирдоваришуда, мавриди баррасй карор бигирад.
    Дигар ин ки дар рисола анвои мухталифи осори манзум ба монанди суруд, тарона, марсия, дубайтй, рубой ва дигар порчахои шеърй, ки бо оханг сароида мешаванд ва ба шунаванда таъсири махсуси равонй доранд мавриди тахкик ва тахлил карор гирифтааст. Модоме ки осори манзуми сарояндагй, яъне хунёгарй, мавриди тахкик карор мегирад, зимни тахкики матнхои манзум дар рисола рочеъ ба муносибати шеър ва мусикй низ бахс хохад шуд.
    Сурудро бидуни садо ва ё оханг (мусикй) тасаввур кардан номумкин аст. Дар ин бора пажухандагони кишвархои гуногуни олам изхори назар намудаанд [ниг.: 3; 29; 45; 47; 48; 49; 64; 144; 152; 182]. Ба хусус дар кишвари хамзабони мо Точикистон низ аз чониби мардумшиносон, фолклоршиносон ва мусикишиносон корхои шоистае шудааст [ниг.: 144; 151; 155; 157; 180; 163; 164; 166]. Агарчи ин корхо вобаста ба адабиёти шифохй ва суннатхои мардумй аст, вале дар хар маворид чойгохи суруд ва мусикии мардумиро пажухандагони точик дар ин ё он мухити ичро (контекст) нишон додаанд.
    Дарачаи омузиш ва пажухиши масъала. Мухаккикон ба таври иароканда намунахои осори манзуми мардумй Мозандаронро гирдоварй намуда дар пешгуфтори мачмуахо ва дар маколоти чудогона ба баъзе чихатхои назарраси осори назми шифохии Мозандарон ишорот намудаанд, ки инак ба чанде аз он ишорат менамоем.
    Пажухандагон Мухаммад Билолй, Талъати Бассорй, Шохрухи Чанобиён, Хдсани Машхун, Мухсини Мачидзода, Исмоили Махчур,
    Мухдмадбокир Начафзодаи Борфуруш, Одил Чдхонорой, Алии Ядуллохй, Зайнулобиддини Даргохй, Александр Худизку, Бованди Саводкухй, Панохии Симнонй ва дигарон бо гирдоварй ва нашри фолклори Мозандарон машгул шудаанд [ниг.: 8; 9; 39; 57; 58; 68; 69; 105; 108; 114; 118; 119; 121].
    Мухаккикони фавк бештар намунахои осори манзум ва дигар анвои осори фолклориро гирд овардаанд ва ба нашр расонидаанд. Факат дар пешгуфторхо гохе дар бораи арзиши ин осор дар фарханги мардуми Мозандарон ва хамчунин дигар манотики Эрон ишорот шудааст. Аз пажухишхои фавк, факат дар навиштаи Панохии Симнонй рочеъ ба мохияти ин таронахо изхори назар шудаасту халос [ниг.: 39].
    Тавре ки бузургсолон накл менамоянд, дар Мозандарон дар авоили садаи бист ашхосе мезистаанд, ки худ аз неъмати савод махрум будаанд, вале бадохатан шеър мегуфтаанд. Мутассифона, осори ин ашхос, ба гайр аз намунахои хеле андак, ба таври комил сабт нашудааст. Дар бораи баъзе шоирони касбй низ мардум ашъоре сохтаанд ва онро бо овоз сурудаанд. Ин гуна ашъорро мардум бо гуиши махаллии худ суруда, онхоро ба таври шифохй, бо нусхахои мутаадид дар хофизаи худ нигох доштаанд. Намунахои ин гуна осори манзуми шифохиро мо рочеъ ба Толиби Омулй ва Амири Позворй сабт намуда, ба нашр низ расонидем.
    Мухаккикон дар бораи бо фарханги мардуми Мозандарон иртибот доштани он сурудахое, ки мардум рочеъ ба Толиби Омулй сохтаанд, ишорат накардаанд. Ва холон ки дар Мозандарон ва навохии атрофии он сурудахое мавчуд аст, ки бо номи «Толибо» хеле машхур аст. Ин сурудахо рочеъ ба шахсияти Толиби Омулй буда, гуё аз чониби хохари у суруда шуда аст. То ба имруз ин сурудахо то хадде гирдоварй шудааст, аммо дар бораи онхо изхори назари илмй нашудааст, ки дар рисола дар ин бора низ бахс хохем кард.
    Дар бораи Амири Позворй низ сурудахои зиёде дар байни мардуми Мозандарон мавчуд аст. Баъзехо ишорат бар он менамоянд, ки гуё ин адиб хонда ва навишта наметавонистааст.
    Хамчунин хотиррасон менамоем, ки дар байни мозандаронихо як навь шеъри шифохие мавчуд аст, ки бо номи «амирй» шухрат дорад. Ин навъ ашъорро баъзехо ба Амири Позворй мансуб медонанд ва баъзехо онро сурудахои мардум мегуянд. Намунахои ин гуна сурудахои манзум аз байни мардум гирд омадааст, ки дар рисола махз дар бораи он бахс хохем кард.
    Ба хар ход бояд ёдовар шуд, ки рочеъ ба назми шифохии мардуми Мозандарон рисолаи илмии чудогона ба вучуд наомадааст, ки мохияти онро дар фарханги мардум нишон медода бошад. Пажухиши мо аввалин асари илмие аст, ки дар он вижагихои назми шифохии Мозандарон ба риштаи тахкик ва тахрир даромадааст.
    Максад ва вазоиф. Х,ар пажухиш як хадафи умумй дорад, ки барои ичрои он иажуханда дар пеш вазоифи мушаххас мегузорад. Хддафи асосии мо ин аст, ки назми гуфтории Мозандаронро дар мухити он минтака аз назар гузаронем ва мохияти онро дар рузгори маънавии мардум нишон бидихем. Барои халли ин хадафи куллй худро муаззаф донистем, ки ба ин нуктахо тавачух намоем:
    - пеш аз хама барои дарки бештари масъала дар бораи мавкеи таърихй, чугрофй ва фархангии назми гуфтории Мозандарон иттилоъ додан;
    - таърихчаи омузиш ва пажухиши назми гуфтории Мозандаронро мавриди тахкик карор додан;
    - назми гуфтории Мозандаронро дар мухити ичро нишон дода, пайвандии онро бо расму оин, чашнхо ва дигар суннатхои мардумй тахкик намудан;
    - сурудахои ашъореро, ки дар бораи шоирони маъруф ба монанди Толиби Омули ва Амири Позворй мардум сароидаанд ба тахкик кашидан;
    - муайян намудани мазмун ва мундаричаи назми шифохии Мозандарон;
    - пайванд доштани назми шифохии Мозандаронро бо мусикй нишон додан ва г.
    Асосхои методии рисола. Равиши асосии тахкик дар асоси корхои пажухиши фолклоршиносй ва адабиётшиносй ба рох монда шуда, дар он аз методи таърихй-мукоисавй, кори майдонй, матншиносй, тахлили жанрхои фолклорй ва равиши сохторшиносй истифода шудааст.
    Барой хдлли масъалахои дар иеш гузошта муаллифи рисола ба осори пажухандагони машхури фолкоршинос, адабиётшинос ва мардумшиносони гуногуни олам аз чумла Е.Э.Бертельс, И.С.Брагинский, А.Дандес (A.Dundes), Содик Хвдоят, З.Сафо, Инчави Шерозй, Н.Нурчонов, В.Асрорй, Р.Амонов, Б.Шермухаммедов, Ф.Азизй, Р.Рахмонй ва дигарон такя намудааст.
    Тозагии илмии рисола. Дар рисола бори аввал назми шифохии устони Мозандарони Эрон мавриди тахкик ва тахлил карор мегирад. Ч,ихати дигари тозаги рисола дар он аст, ки бештари маводи дар рисола пажухиш гардида, аз чониби худи пажуханда дар тули беш аз ей сол гирдоварй шудааст.
    Ахамияти назарй ва амалии пажухиш. Рисола барои дарки бештари масъалахои назарии фолклоршиносй, адабиётшиносй, мардумшиноей ва мусикишиносии Эрон муфид буда, маводи он дар раванди навиштани таърихи улуми ичтимоии Эрон ба кор хохад рафт.
    Хдмчунин маводи рисола дар раванди дарехои адабиётишиноей, фолклоршиносй, мардумшиноей ва мусикишиносй ба кор хохад рафт.
    Манобеи пажухиш. Манобеи аслии пажухиш маводи гирдовардаи муаллифи рисола аст. Хдмчунин зимни тахкик ба маводи бойгонихо, осори нашршуда низ такя гардидааст. Осори гирдовардаи мо, факат рочеъ ба ин мавзуъ, беш аз 5 хазор байт буда, мавзуъ ва анвои гуногуни шеъриро дар бар мегирад. Ин мавод тавассути воситахои техники сабту забт гардидааст.
    Баррасии рисола. Рисола дар шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшонии Пажухишгохи улуми инсонии АИ Ч,Т ва дар кафедрам эроншиносии ДМТ мавриди баррасй карор гиритфааст.
    Оид ба мавзуъ дар чандин конфронсхои илмй дар Эрон ва Точикистон суханронй шудааст, китобхо маколахо низ нашр шудааст, ки номгуй бархе аз он дар фишурда оварда шудааст.
    Рисола иборат аст аз мукаддима, се боб, хулоса, китобнома.
    Дар охир бояд ба ду нуктаи мухим ишорат кунам.
    Аввал ин, ки нависандаи ин рисола зери унвони «Мусикии Мозандарон» дар хачми 584 сахифа китоберо ба нашр расонидаст [ниг.; 45], ки дар он намунахои матнхои назми шифохии Мозандарон бо иттилоъ дар бораи 303 ровиён оварда шудааст, аз ин ру дар рисолаи мазкур бештар ба хамон манобеъ ишорат хохам кард.
    Дуввум ин, ки рисолаи мо бар асоси кори майдонии инфиродй таълиф шудааст, ба ин сабаб лозим донистем, ки барои дарки дакиктари мавзуъ хангоми овардани мисолхо намунахои матнхои назми шифохиро дар рисола бештар биоварем, то хонанда тавассути мисолхо масъаларо дакиктар дарк намояд.
  • bibliography:
  • Пас аз мутолиа, мушохида, гирдоварй ва тахкик ба натичае расидем, ки ин осори манзуми шифохй дар давоми садахои гузашта то ба имруз хамеша хамдаму хамкадами мардум буда, барои зебо гардонидани олами маънавии онхо накши арзандае бозй намудааст. Аз ин ру бархе аз натичагирихои мо ба таври дакиктар чунин аст:
    1. Назми шифодии мардуми Мозандарон то имруз аз мухити аслии худ, ки дар он мардум бо суннатхои хеш ба cap мебаранд, чудо нест.
    Балки инъикосдихандаи хамон фарханги мардумй, мухити чуг рофй, хофизаи таърихии мардумй он манотик аст.
    2. Аз осори манзуми шифохди мавриди тахик карор додай мо маълум шуд, ки дар онхо раванди чашнхои миллй ба монанди Навруз ва дигар расму оинхои мардумй тасвир ёфтаанд. Мардум хамоно дар ситоиши расму оинхои пешини худ сурудахое доранд, ки зиннатбахши маросимхои мавчудаи онон аст.
    3. Дар байни мардумй Мозандарон низ ба мисли манотики дигар осори манзуми марбути таъзия ва марсиясарой чойгохи махсуси худро доштааст. Ин гуна ашъор дар канори хусусиёти миллй доштан, як навъ хусусиёти махаллй низ дошта, дар холат ва рухияи хамон минтака карор гирифтааст. Тавассути таъзия ва марсия мардумй Мозандарон рухияи гамангези худро дар мухити хеш баён менамоянд.
    4. Як чихати назми шифохии Мозандарон он аст, ки тибки суннатхои кадим то ба имруз дар афсонахо, достонхо порчахои манзум ба кор рафта, онхо як навъ бозгуи рузгори мардумй минтака мебошанд. Бояд гуфт, ки сарояндагони мозандаронй бештар на худи матнро, балки суруди онро, яъне порчахои манзумро месароянд. Чунки барои онхо асли мазмуни матн маълум аст.
    5. Дар байни мардумй ин манотик дар бораи шахсиятхои таърихй сурудхои достонгуна, ба монанди «Хужабр Султон», мавчуд аст, ки дар онхо вазъият, шароит, расму оин, пахлавонй ва амсоли ин тасвир гардида, мухаббати шунавандаро нисбат ба Ватан ва кору фаъолияти харруза неру мебахшад.
    5. Хеле чолиб аст, ки дар Мозандарон шахсияти бархе аз адибони маъруфи ин диёр ба афсона табдил ёфта, дар бораи онхо осори манзуме гуфта шудааст, ки мардум онхоро ба завк дар рузгори маънавии хеш ба кор мебаранд. Дар натича ин гуна осори манзум боиси пайдоиши анови сурудхои «толибо» ва «амирй» шудааст. Таронахои дилнавози «толибо» ва «амирй» имрузхо низ дар хаёти мардум чойгохи махсус дошта, ичрои он боиси тасалло ва хушхолии мардум аст.
    6. Пас аз пажухиши хеш ба он натича расидем, ки дар оянда масолили гуногуни на факат назми шифохй, балки осори дигари фарханги мардуми Мозандарон дар чанд чилд гирдоварй, нашр ва мавриди тахлили муфассал карор бигирад, то бадин васила фарханги мардум (фолклор) ва таърихи ишфохии ин минтака дар таърих ба таври муфассал дарч ёбад.
    Агар мо хар чй бештар аз байни мардум матнхои назми шифох,иро, ки назм ва мусикй як чузъи аз он аст, гирд оварем хамон кадар барои баррасии анвою аксоми назми шифохй рохи дурустро боз менамоем. Чунки махз маводи фолклорй, дар айни замон назми шифохй, хамчун санади илмй барои ибрози назар, рочеъ ба ин ё масъалаи илмй кумак менамояд. Х,атто мумкин аст, бар асоси мукоисаи маводи минтакахои гуногуни мардуми эронитабор дар бораи решахои иайдоиши анвои мухталифи назми шифохй, аз замони бостон то ба имруз, изхори назар кард. Пас гирдоварии мавод, нашри он, хатто ба нота даровардани матн (то ки тарзи ичрои суруд аз ин тарик инъикос ёбад) барои иажухандагон кори мухим аст.
    Омузиш ва пажухиш нишон дод, ки мардуми Мозандарон нишонахои зиёди фарханги бостониро тавассути хофизаи таърихии худ то рузгори мо овардаанд ва онро ба наслхои имруз интикол додаанд. Мутассифона, мушохида мешавад, ки баробари сол то сол густариш ёфтан ва вориди зиндагии мардум шудани васоити техники, бо суръат Чои суннтахои шифохии мардумиро, аз чумла назми шифохиро, анвои дигари дилхушихо мегиранд. Аз ин ру хар иажухандаи дилсузро зарур аст, ки хар чй бештар матнхои фолклориро аз байни мардум гирд оварад.
    Дар охир ёдовар мешавем, ки дар оянда ин мавзуъ ба таври густурда бо намунахои зиёд аз диди матнишиносии адабй, фолклорй, мардумшиносй, мусикишиносй, сохторшиносй ва амсоли ин мавриди пажухиши махсус карор бигирад, то ки барои исботи андешахои илмй хамчун санади вокей хидмати арзанда дошта бошад.
  • Стоимость доставки:
  • 230.00 руб


SEARCH READY THESIS OR ARTICLE


Доставка любой диссертации из России и Украины


THE LAST ARTICLES AND ABSTRACTS

ГБУР ЛЮСЯ ВОЛОДИМИРІВНА АДМІНІСТРАТИВНА ВІДПОВІДАЛЬНІСТЬ ЗА ПРАВОПОРУШЕННЯ У СФЕРІ ВИКОРИСТАННЯ ТА ОХОРОНИ ВОДНИХ РЕСУРСІВ УКРАЇНИ
МИШУНЕНКОВА ОЛЬГА ВЛАДИМИРОВНА Взаимосвязь теоретической и практической подготовки бакалавров по направлению «Туризм и рекреация» в Республике Польша»
Ржевский Валентин Сергеевич Комплексное применение низкочастотного переменного электростатического поля и широкополосной электромагнитной терапии в реабилитации больных с гнойно-воспалительными заболеваниями челюстно-лицевой области
Орехов Генрих Васильевич НАУЧНОЕ ОБОСНОВАНИЕ И ТЕХНИЧЕСКОЕ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ ЭФФЕКТА ВЗАИМОДЕЙСТВИЯ КОАКСИАЛЬНЫХ ЦИРКУЛЯЦИОННЫХ ТЕЧЕНИЙ
СОЛЯНИК Анатолий Иванович МЕТОДОЛОГИЯ И ПРИНЦИПЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССАМИ САНАТОРНО-КУРОРТНОЙ РЕАБИЛИТАЦИИ НА ОСНОВЕ СИСТЕМЫ МЕНЕДЖМЕНТА КАЧЕСТВА