Майнусов, Дониш Фазлиддинович. Антропонимы "Шахнаме" Абулкасима Фирдавси : лингвистический аспект




  • скачать файл:
  • title:
  • Майнусов, Дониш Фазлиддинович. Антропонимы "Шахнаме" Абулкасима Фирдавси : лингвистический аспект
  • Альтернативное название:
  • Майнусов, Доніш Фазліддіновіч. Антропонімів "Шахнаме" Абулкасіма Фірдавс: лінгвістичний аспект Maynusov, Donish Fazliddinovich. Antroponimiv "Shakhname" Abulkasima Firdavs: linhvistychnyy aspekt
  • The number of pages:
  • 177
  • university:
  • ХУДЖАНДСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА
  • The year of defence:
  • 2013
  • brief description:
  • Майнусов, Дониш Фазлиддинович. Антропонимы "Шахнаме" Абулкасима Фирдавси : лингвистический аспект : диссертация ... кандидата филологических наук : 10.02.22 / Майнусов Дониш Фазлиддинович; [Место защиты: Тадж. нац. ун-т].- Душанбе, 2013.- 177 с.: ил. РГБ ОД, 61 14-10/203




    ХУДЖАНДСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ АКАДЕМИКА Б.ГАФУРОВА





    04201455236
    На правах рукописи





    Майнусов Дониш Фазлиддинович
    АНТРОПОНИМЫ «ШАХНАМЕ» АБУЛКАСИМА ФИРДАВСИ (лингвистический аспект)
    10.02.22 - Языки народов зарубежных стран Европы, Азии, Африки, аборигенов Америки и Австралии (таджикский язык)
    ДИССЕРТАЦИЯ на соискание ученой степени кандидата филологических наук
    Научный руководитель:
    доктор филологических наук Вахобов Т.
    Худжанд - 2013 
    Донишюхи давлатии Хунанд ба номи академик Бобочон Гафуров

    Ба у;укми дастпавис
    Майнусов Дониш Фазлиддинович
    Антропонимх,ои «ІПонома»-и Абулкосими Фирдавси
    (чанбаи лингвистй)
    РИСОЛА
    барон дарёфти дарачаи илмии номзади илмх,ои филологй аз руи ихтисоси 10.02.22. - Забонх,ои халкхои мамолики хоричии Аврупо, Осиё, Африко, бумиёни Амрико ва Австралия (забони точикй)
    Рохбари илмй: доктори илмхои филологй, профессор Вахдобов Т.
    Душанбе-2013 
    Муидарича
    Мукадцима 3
    Боби якум. Антропонимхои «Шохнома» аз руи баромади забонй ва сохторашон 17
    1.1. Масоили назариявй 17
    1.2. Антропонимхои эронии «Шохнома» 20
    1.2.1. Антропонимхои содда 24
    1.2.2. Антропонимхои сохта 25
    1.2.3. Антропонимхои мураккаб ё антропоним-композит 25
    1.2.4. Антропоним-иборахо 26
    1.3. Антропонимхои арабии «Шохнома» 29
    1.4. Антропонимхои иктибосии юнонии «Шохнома»-и Фирдавсй 33
    1.5. Антропонимхои яхудии «Шохнома» 36
    1.6. Антропонимхои туркию мугулии «Шохнома» 37
    1.7. Тахлили чандомади антропонимхои «Шохнома» 45
    Боби дуюм. Антропонимхои эронии «Шохнома» ва чузъхои сермахсули номвожасози онхо 52
    2.1. Номхо бо чузъи «асп» 55
    2.2. Номвожахо бо чузъи «арда» 72
    2.3. Номвожахо бо чузъи «бурзин» 76
    2.4. Номвожахо бо чузъи «бех» 80
    2.5. Номвожахо бо чузъи «вон» 86
    2.6. Номвожахо бо чузъи «гург» 87
    2.7. Номвожахо бо чузъи «гул» 89
    2.8. Номвожахо бо чузъи «гурд» 92
    2.9. Номвожахо бо чузъи «зод» 95
    2.10. Номвожахо бо чузъи «испан» 96
    2.11. Номвожахо бо чузъи «кай» 100
    2.12. Номвожахо бо чузъи «тахм» 106
    2.13. Номвожахо бо чузъи «ману» 112
    2.14. Бо чузъи «мох» 114
    2.15. Бо чузъи «мехр» 116
    2.16. Бо чузъи «пур» 119
    2.17. Номвожахо бо чузъи «нуш» 121
    Хулоса ва натичагирй 125
    Руихати адабиёт 129
    Ихтисорахо 141
    Лугати антропонимхои «Шохнома» (Замима) 142
    Мукаддима
    Мухимияти мавзуъ. Абулкосим Фирдавсй бо «Шохнома»-и безаволи худ дар радифи бузургтарин симохои адабиёти чахонй чойгузин буда, бо чунин бахо сазовор гардидани шоир сабабхои худро дорад. «Шохно- ма»-и Хдкими Туей чи аз чихати образхо, чи аз чихдти банду бает ва нигориши вокеахо, чи аз чихати дарбаргирии мавзуъ ва боигарии таркиби лугавиаш нотакрор ва бемислу монанд мебошад. Дар ин асари мондагор, ки тамоми иахлухои зиндагй, мубориза, пайкор, таърих, фарханг, забои, тамаддуни мардуми эронитабор тасвир, тараннум ва мунъакис гардидааст, бузургию шахомати таърихи гузаштагонамон ба зевари назм кашида шудаанд ва суханхои шоири бехамто баёнгари вокеии ин падидаи нотакрори назми шоири абадзинда махсуб меёбад, ки гуфта буд:
    Бинохои обод гардад хароб,
    Зи борону аз тобиши офтоб.
    Пай афкандам аз назм кохе баланд,
    Ки аз боду борон наёбад газанд.
    ...Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
    Ки тухми суханро парокандаам...
    «Шохнома» ба эътирофи суханшиносон, «аз назари хунари суханварй, шеърият, лугот ва ганчинахои сухани сара, неруи фикри болот ва кудрати баёни фасех ва умуман аз назари хачми ин бузургофаридаи дохиёнаи замони Сомониён як асари бехамто ва бемислу монанд аст» (8,6).
    Махз хамин хусусияту вежагихои «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй боис гардидаанд, ки онро чун комуси миллати мо муаррифй намоянд. Аз ин ру, омузиши пахдухои гуногуни он имкон медихад, ки мавкеъ ва макоми ин асари мондагор дар таърихи тамаддуни ачдодонамон арзёбй гардад.
    з
    Баррасй ва тахдили номвожахо, ки анвои гунарангро дар бар мегиранд, ахами яти хосаро молик буда, дар муайян кардани суннати номгузории гузаштагонамон хизмати шоиста хоханд намуд.
    Забони «Шохнома» чолиб ва такрорнопазир буда, аз чи хати дарбаргирии манзараи комили сохтори лугавии забони точикии адабй дар асри X ва эхёи суннатхои ачдодони мо дар бахши фархангу забон, ки дар замони салтанати арабхо хеле коста гардида буданд, хамсангу хампояи хешро дар таърихи иурфохира ва дарозои тамаддуну адабиёти мо доро нест. Ин чо зикри навиштаи олими маъруфи Эрон Махмуди Шафей дар мавриди макоми «Шохнома» айни матлаб аст, ки иброз медорад: «Шохнома» саромади девонхои шеър ва арзандатарин ганчинаи адаб ва фархднги форси аст, сазовори чунон аст, ки «Шохнома»-и Фирдавсй аз чанбахои чанд, монанди таърих, лугат, адаб ва русум, фунуни чанги кадим ва созу барги он, дин ва ахлок, хикмат, дониш ва аз хама мухимтар дастури забони форсй мавриди мутолиа карор тирад» (178,156). Устод С.Айнй забони «Шохнома»-ро содатарин ва софтарини забонх,ои классик они Эрон (10,43) арчгузорй намуда бошад, мухаккикд таърихи забони точикии адабй, профессор М.Касимова «Шохнома»-ро «яке аз нодиртарин асархои асри X» ва «дорой хусусиятхои барчастаи забонй» (80,469) будани онро таъкид намудааст. Аз диди профессор Д. Саймиддинов, «Шохнома»-и безавол аз лих,ози боигарии л у гав й ва хусусиятхои лугавию услубй дар байни ёдгорихои манзуму мансури давраи классикии мо хамтои худро надорад» (135,152).
    Аз ин ру, омузиши хамачонибаи пахлухои гунаранги забони «Шохнома» аз масъалахои мухими илми эроншиносй, минчумла забоншиносии точик махсуб меёбад ва дар ин бахш моро зарур аст, ки тадкикотхои фузунеро дар коркарди забони «Шохнома» рахандозй намоем ва тавассути онхо зохиру ботини ин асари мондагорро кашф намоем. Дар ин поя омузиш ва тадкики номвожахои «Шохнома», дар мачмуъ, ва, номхои ашхос ба таври мушаххас, ахамияти вежа дошта, имкон медихднд, ки оид ба як чузъи системаи забони ин асар, яъне номвожахои ашхос ва мавкеи онхо дар низоми вохиди забони «Шохнома» тадкикотро ба анчом расонем.
    Дар забоншиносии точик дар мавриди номвожахои асархои адабию бадей, хосатан осори давраи гузаштаи адабиётамон чанд тадкикоти мушаххаси рисолавй, аз кдбили тадкикотхои Р.Шоев ва С.Абодуллоева ба анчом расидаю ба хайси рисолахои номзадй дифоъ гардидаанд, ки ба тадкики номвожахо дар ду асари адабй - яке «Самаки айёр» (асари ривоятй, муаллифаш номаълум), дигаре «Форснома» (муаллифаш Ибн- ал-Балхй) бахшида шудаанд (5;6;179). Кдйд намудан зарур аст, ки доманаи объекти омузиши ин ду тадкикот хеле фарох буда, онхо номвожахои хоси ин ду асарро хадафи тахлил ва баррасй карор додаанд.
    Ономастика тавре ки дар «Словарь русской ономастической терминологии» шарх ёфтааст, «як кисмати забоншиносй буда, омузиши Хама гуна номхои хос ихтисоси он мебошад» (121,97). Номхои ашхос ва ё кахрамонони асари бадей бошанд, мавзуи бахси антропонимика махсуб меёбад. Умдатан, номхои ашхос ё номвожахои ашхос бо истилохи байналмилалии оним ё онимх,о (яъне мачмуи номхои хос, аз чумла антропоним, топоним, зооним, фитоним, анемоним, хромоним, астроним, космоним, теоним, идеоним, хрематоним ва гайрахо) ифода карда мешавад. Дар «Лугати энсиклопедии забоншиносй» истилохи ономастика чун бахши забоншиносй арзёбй гардидааст, ки номхои хосро мавриди омузиш карор медихад» (122,346). Инчунин, зимни ташрехи ономастика зикр шудааст, ки ономастика дар навбати худ мачмуи номхои хосро ифода менамояд ва дар ин маврид бо истилохи онимия хамрадиф пазируфта мешавад. Дар иддае аз тадкикотхои номшиносй истилохи ономастика ба маънй ва вазифаи антропонимика омадааст (122,346; 128,177).
    Умуман, мавзуи номхои ашхоси осори хаттй дар забоншиносии точик то ба хол хадафи бахси мушаххаси тадкикот карор нагирифта- аст. Ба ахли тадкик маълум аст, ки ба забони форсии точикй осори
    5
    бешумори адабй, бадей, таърихи, илмй ва амсоли онхо китобат шудаю кисми муайянашон то замони мо омада расидаанд ва дар таркиби лугавии онхо номвожахои ашхос хисса ва ё бахши муайянеро ташкил медиханд. Кисме аз номвожахо марбути ашхоси таърихй буда, гурухи дигарашон махсули тахайюли муаллифони ин асархо мебошанд. Агар дар асархои бадей махсули хаёлоти адибон голиб ояд, пас дар осори таърихию чугрофй бештар номхои ашхоси вокеию таърихй зикри хешро меёбанд. Мухаккик вазифадор аст, ки хини таджик, ва баррасии номвожахои осори бадей, таърихй ва амсоли онхо таносуби номвожахои таърихию махсули хаёлии муаллифонро муайян созад. Ин усули тадкик имконият фарохам меорад, ки тарзи номгузорй, вежагихои интихоби номхо, сарчашмаи онхо, таносуби номвожахои худию бегона (иктибосй), номвожахои сохтаи муаллиф то хадди имкон муайян карда шаванд. Дар ин замина «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавсй сарчашмае махсуб меёбад, ки дар он анвои номвожахои ашхос бо тамоми вежагихояшон мавриди истифода карор гирифтаанд.
    Аз ин ру, ба сифати мавзуи тадкики рисолаи мо карор гирифтани номвожахои ашхоси «Шохнома»-и безавол ба нуктахои зикршуда алокаманд буда, барои рафъ намудани холигии мавчуда дар тадкики номвожахои осори адабй, бадей ва таърихй равона карда шудааст.
    Дарачаи омузиши мавзуъ. Дар забоншиносии дунё, аз чумла забоншиносии собик шуравию рус перомуни масъалахои гуногуни номвожахои хос ё антропонимхо тадкикотхои зиёде ба анчом расидаанд, ки ин чо танхо зикри чанд мачмуаи библиографии мансуби ономастика шояд кофй бошад (108).
    Омузиш ва тадкики номвожахои хос дар забоншиносии эронй тайи солхои 30-юми асри XX пас аз нашри маколаи забоншиноси номии шуравй, профессор В.И.Абаев бо унвони «Дар бораи номхои хоси достони Нартхо» вусъат шрифт (1). Ин раванд хосатан тайи солхои 60-уми садаи XX то кунун равнаку ривоч меёбад ва дар атрофи номхои хос, аз чумла номвожахои ашхос, силсилаи тадкикотхо ба анчом
    6
    расидаанд, ки хар яке дар баррасй ва тадкики ин зухуроти забонй сахм гирифтаанд. Номшиноси точик Ш.Хдйдарй Гайдаров) дар асари тозаэчоди библиографии хеш тадкикотхои бахши ономастикаи забонхои эрониро чамъ намуда, онхоро бо бахшхои ономастика (антропонимика, этнонимика, геонимика, топонимика, хрематонимика, ктематонимика, теонимика, мифонимика, зоонимика, геортонимика, фалеронимика, хрононимика) гурухбандй намудааст, ки маводи он аз охирхои асри XVIII то соли 2011 марбут мебошанд. Ва мо зарур нашуморидем, ки дар атрофи он аз нав бахс OFO3 намоем (154).
    Дар тадкик ва коркарди номвожахои ашхос ё антропонимхои забони точикй накш ва хидмати олимони маъруфи номшинос О.Гафуров, Ш.Хдйдарй (Хдйдаров), Ф.Абдулло, Д.Д.Мирзоева, А.Акрамов, М.Диловаров, С.Абодуллоева, М.Аюбова, Р.Х.Додихудоев, Ш.Рустамов, ОДосимов, Д.Саймиддинов, Хдсани Ёрзод, Н.Шаропов, Я.Калонтаров, Б.Бобохонов, Т.Ваххрбов, А.Хдсанов ва дигарон шоистаи зикр мебошанд. Дар байни олимони зикргардида дар омузиш, баррасй ва ба чоп омода намудани номвожахои забони точикй, тамоюл ва раванди рушд, такомул ва тагйироти сифатию микдории системаи номвожахо ва номгузории суннатии мардуми мо, сарчашмахои асосии интихоби номхо, тахдили семантикию сохтории онхо, инкишофи чомеаи точикон ва такмилу тачдиди раванди интихоби онхо ва амсолашон хидмати номшиноси маъруфи точик О.Гафуров басе калон аст. Мавсуф аввалин олими точик аст, ки дар мавзуи «Номхои ашхос дар забони точикй» тадкикоти доманадор тахия намуда, онро соли 1964 ба сифати рисолаи номзадй дифоъ мекунад (33). Баъдтар силсилаи асархои илмй, тадкикотй ва оммавии мавсуф бо номхои «К^иссахо дар бораи номхо» (1968), «Антропонимхои точикй» (1970), «Шер ва Наргис: оид ба номхои шаркй» (1971), «Номхо ва таърихи онхо» (1980), «Ном ва таърих: оид ба номхои арабхо, форсхо, точикон ва туркхо: лугат» (1987), «Шархи ному лакабхо» (1981) ва силсилаи маколахо дар сахифахои рузномаю мачаллахои «Хдкикати Узбекистан» бо унвони «Таъбири номхо» (1977-
    1978), «Занони Точикисгон» (1977-1978), «Чдвонони Точикистон» (1989) ва гайрахо баёнгари ба таври амик, омухтани номвожахои ашхос аз Чониби О.Рафуров махсуб меёбад.
    Мухаккики дигар, ки ба омузиши номвожахои ашхос сахми бориз дорад, забоншинос Ш.Хдйдаров (Хдйдарй) махсуб меёбад. Асару маколахои мавсуфро бо дарназардошти мансубияти маводи тахлилй ба се гурух тасниф намудан ба максад мувофик аст: а) асару маколахое, ки ба номвожаю лакабхои нохияи Ашт ва атрофи он (яъне водии Фаргона) бахшида шудаанд. Аз кабили «Антропонимияи точикони шимолу гарби водии Фаргона (дар мисоли нохияи Ашт) (рисолаи номзадй, 1991), «Лугати чандомади антропонимхои точикони райони Ашт (Душанбе: Дониш, 1986. - 228 с.), «Пажухиши лакабхои мардуми нохияи Ашт» (Перм: Форвард, 2001. - 116 с.) ва гайрахо; б) асару маколахои оид ба номвожахои нохияхои дигари Ч,Т, аз кабили «Сайре ба сарвати номхои точикони шахри Душанбе» (ШДайдарй. Маколахои номшиносй. - Перм: Форвард, 2001. - с.110-136), «Лугати басомади номхои точикони Хатлон» (Душанбе: Ирфон, 2007. - 473 с.) ва гайрахо; в) асархое, ки ба номвожахои хамзабонони мо (Узбекистан, Афгонистон) бахшида шудаанд. Масалан, «Лакабнома. Таснифи лакабхои фардии мутадовил дар Афгонистон (Шибиргон, 1986. - 160 с.), «Антропонимика. Топонимика. Этносоциолингвистика. Сборник статей» (Пермь: От и До, 2011. - 208с.), «Антропонимия узбеков - жителей Северного
    Таджикистана» (1987) ва гайрахо. Умуман, Ш.Хайдаров аз зумраи забоншиносонест, ки хастанопазирона дар атрофи масоили номшиносй тадкикот мебарад ва аз поягузорони илми ономастикаи точик махсуб меёбад. Асару маколахои мавсуф хосатан ахамияти амалй дошта, дар онхо чанбаи тахдили сохторй дар заминаи чанбаи синхронй рахандозй шудаанд ва беш аз хама тамоюлхои номгузинй хадафи тадкикотхои муаллиф карор гирифтаю ба чанбаи диахронй таваччух камтар зохир гардидааст.
    Дар тадкик ва баррасии номвожахои ашхоси манотики Точикистон, аз чумла нохияхои Шахртузу Кубодиён забоншинос М.Аюбова сахм дошта, дар атрофи ин мавзуъ рисолаи номзадии хешро бо унвони «Антропонимияи точикони навохии Шахритусу Кубодиён» (рисолаи номзадй, 2002. - 156с.) ба дифоъ расонидааст. Муаллиф тавонистааст тамоюлоти рушди чомеа ва инъикоси он дар савияи номгузорй, сохтори номвожахо ва усулхои сохтмони онхо, таърихи иддае аз номхои ашхосро ба риштаи тахлил кашад. Дар робита ба тадкикотхои номшиносон
    О.Гафуров, Ш.Хдйдаров ва М.Аюбова кайд бояд намуд, ки дар илми забоншиносии точик бахши антропонимика ба сохаи нави илми номшиносй мубаддал гашта истодааст.
    Солхои охир дар номшиносии точик тадкикотхои мукоисавии номвожахои ашхос арзи вучуд кардаанд, ки хадафи онхо нишон додани хусусиятхои хоси номвожахо дар ду забон мебошад. Ин чо зикри чанде аз онхоро зарур мешуморем. Яке аз онхо тадкикоти номшинос Д.Мирзоева махсуб меёбад, ки ба омузиши лингвистии антропонимхои точикию русй (дар чанбаи мукоисавй) бахшида шудааст (89).
    Кобили зикр аст, ки номвожахои ашхос дар сахифахои асархои энсиклопедй низ мавриди шарху эзох карор гирифтаанд ва онхо характери очеркй доранд. Дар ин кабил маколоти энсиклопедй голибан маълумоти умумию мукаддимотй оид ба номхои мавриди тахлил пешниход карда мешавад ва онхо аз тахлили амики илмй хеле камбагал мебошанд. Чунин маколот, ки оид ба номвожахои таърихию мифиологй бахшида шудаанд, дар сафахоти «Энсиклопедияи советии точик» (иборат аз 8 чилд), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» (иборат аз 3 чилд) ба таври фаровон манзур гардидаанд (ниг.: 180; 181).
    Як силсила тадкикотхои дигар, ки бевосита ба омузиш ва коркарди номвожахои ашхоси асархои китобй бахшида шудаанд, ба чанбаи омузиши як кисмати антропонимхои забон, яъне номвожахои осори хаттй поя гузоштанд. Дар ин бахш зикри тадкикотхои Р.Шоев (179) ва
    С.Абодуллоева (6) хатмй ва зарур аст, ки мо дар боло асархои онхоро мавриди арзёбй карор додаем.
    Дар мавриди омузиш ва баррасии номвожахои осори бадей ба таври мушаххас то ба хол асари тадкикотй арзи вучуд накардааст. Оид ба номвожахои ашхос, аз чумла «Шохнома»-и Хдкими Туей дар асархои чудогона баъзе кайдхои мукадцимотй, масалан, дар асархои профессорон Д.Саймиддинов (133,209), МДосимова (80,494-495), ОДосимов (74,58-61,121-123; 75,31-33,50,110) дида мешавад. Инчунин, дар атрофи номвожахои ашхоси «Шохнома» маколахои чудогона аз чониби забоншиносон Р.Х.Додихудоев (56), Т.Ваххобов (31,183-187, 187- 191), ШДайдаров (164,142-144) ва дигарон ба табъ расидаанд, ки дар онхо баъзе чихатхои номвожахои ашхоси «Шохнома» ё номвожахои алохида ба риштаи тадкик кашида шудаанд.
    Омузиш ва тадкики пахдухои гуногуни «Шохнома»-и безавол дар Эрон хеле густурда ва чашмрас аст, зеро дар ин кишвар Фирдавсй аз бузургтарин шоирони форс пазируфта шудааст ва «Шохнома»-и у дар радифи аввалин достонхои миллй карор дорад. Аз ин ру, мухдккикони Эрон ба омузиши «Шохнома» аз хама беш таваччух доранд ва ба итминони комил гуфта метавонем, ки «Шохнома»-шиносй як бахши бисёр мухим ва тасбити улуми адаб ва забони ин кишвар махсуб меояд. Мутаассифона, ин бахоро нисбати улуми адаб ва забони точикй гуфтан амри мухол аст.
    Дар забоншиносии Эрон ба тахия ва маънидоди номхои хос ахамияти вежа дода мешавад. Марбут ба ин раванд чанд лугат, фарханг ва номномахои марбути осори даврахои гуногун, аз чумла Авасто (Разй Хршим. Фарханги номхои Авасто (иборат аз 3 чилд). - Техрон: Фурухар, 1346), «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй» (Хусейн Шахиди Мозандаронй - Бежан. Фарханги «Шохнома». Номи касон ва чойхо. - Балх: Бунёди Нишобур, 1377. - 814с.; Мансури Растагори Фасой. Фарханги номхои «Шохнома». Ч.Л-2. - Техрон: Муассисаи мутолиот ва тахкикоти фарханги, 1369, чЛ. - 594 с.), номхои эронй (Мехрубон
    10
    Гуштоспи Пурпорсй. Ганчинаи номхои эронй. - Техрон: Фурухар, 1362. - 124 с.; Нахй Х,усейн. Номнома. - Техрон, 1334. - 490 с. ва f.), фархангхо-вожаномахои «Шохнома» (Нушин А. Вожаномак. - Техрон: Муин, 1384. - 479 с.; Атобакй, Парвиз. Вожаномаи «Шохнома». - Техрон, 1386. - 369 с.; Ризозода, Шафак. Фарханги «Шохнома». - Техрон, 1971. - 271 с.; Махмуди Занчонй. Фарханги «Шохнома». - Техрон: Атой, 1372 ва г.) имруз дастраси ахди эхтиёч ва олимон мебошанд.
    Аз асархои зикршуда дар мавриди чамъоварй ва ташрехи номхои «Шохнома»-и Хакими Туей «Фарханги номхои «Шохнома»-и дуктур Мансури Растагори Фасой нащни вежа дорад. Дар фарханг номвожахои хоси «Шохнома» гирдоварй шуда, аз руи имкон баъзе номвожахои он бо такя ба асару манобеи чопй оид ба таърихи ташаккули онхо маълумот пешкаш гардидааст. Бахусу с, мукаддимаи фарханг со бит месозад, ки дар тахияи фарханг муаллифи он ба хулосахои чиддии илмй омадааст. Аз чумла:
    а) дар матщои мавчудаи «Шохнома» дар навишти баъзе номхои хос ба гуногуннавией рох дода шудааст, ки махсули фаъолияти котибон мебошанд. Барой сахех ва дурустнависии номхои хос матнхоро бояд сара намуда, матни ислохшуда, илмй ва сахех аз «Шохнома»-ро омода кардан зарур аст;
    б) аксари голиби номвожахои хоси «Шохнома» порей (яъне эронй) мебошанд ва исботи онро хамин медонад, ки аз миёни номхои мундарич дар «бои алиф»-и ин фарханг танхо ду ном порей нест ва дар бахши «Хамза» аз миёни 93 ном 70 ном порей аст, 10 ном арабй ва мохияти бокияи номхо низ рушан нест;
    в) номи бештари «бегонагон, бавижа турониён, порей» будааст;
    г) бисёре аз номхои «Шохнома» аз чихати сохташон мураккаб буда, нисбати онхо теъдоди номхои сода камтар арзёбй мегардад (82,10-11).
    «Фарханги «Шохнома»-и Х,Усайн Шахиди Мозандаронй низ барои мураттаб намудан ва дар як чо фарохам овардани номхои касон
    її
    (антропонимхо) ва чойхо (топониму микротопонимхо) накдіи хоса дорад. Бо итминон гуфта метавонем, ки дар ин фархднг хамаи номи касону чойхо бо шарху эзохи он гирд оварда шудааст, ки мухаккикони номвожахо метавонанд ба таври пурсамар истифода баранд.
    Дар Лврупо аввалин маротиба фарханги комили «Шохнома» аз чониби шаркдшноси олмонй Фритс Волф мураттаб гардида, соли 1935 ба нашр расида буд. Соли 1998 бошад, тарчумаи форсии он дар Эрон бо номи «Фарханги «Шохнома»-и Фирдавсй» аз чоп баромад. Шоистагии ин фарханг дар он зохир мегардад, ки дар он номвожахои «Шохнома» ба пуррагй сабт ёфтаанд. Аз ин ру, зимни тахлили номвожахо мо маводи онро барон киёс истифода намудем.
    Адабиёти форсии точикй, осори таърихию чугрофии гузаштагони мо вобаста ба мавзуи тасвир ва чанбаи бадеияшон моломоли номвожахо буда, то имруз перомуни гунарангию вежагихо ва макому манзалати онхо дар мутуни бадеию таърихй тадкикоти мушаххас, комил, амик дар номшиносин точик рахандозй нагардидааст. Аз ин ру, ба сифати мавзуи рисолаи мо карор гирифтани номвожахои «Шохнома» аз хамин хадафи хайр сарчашма мегирад.
    Максад ва хадафи тадкикот. Максади асосии тадкикоти мо мавриди омузиш ва баррасии амик, карор додани номвожахои ашхоси яке аз шохасархои манзуми асри X, ки дар ташаккул ва такомули забони форсии точикии адабй макоми бемушобеха дорад ва махз бо арчгузории мухаккщон онро «К|уръон»-и Ачам» сифатчинй намудаанд, махсуб меёбад. Аз ин ру, хадафхои асосии тадкикоти мо аз инхо иборат мебошанд:
    - дар заминаи номвожахои ашхоси «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй муайян кардани макому чойгохи ин вохидхои забонй дар забони осори адабй;
    - чамъ овардани номвожахои ашхос ва баррасии онхо дар заминаи баромади забонии онхо; 
    - тахлил намудани номвожахои ашхос бо дарназардошти сохтори онхо;
    - баррасии номвожахои ашхос бо дарназардошти чузъхои номсоз (патронимхои антропонимсоз);
    - то хадци имкон муайян намудани таърихи баромади номвожахои ашхос;
    - муайян кардани чандомади номвожахои ашхос ва зимни он нишон додани номвожахои серистеъмолу камистеъмол.
    Ин ва масоили дигар, ки дар рисола арзёбй гардидаанд, самтхои асосии тадкикотро муайян намуданд ва рисолаи мавриди мухокима барои халлу фасли онхо рахандозй гардидааст.
    Асоси методологи ва пояи назариявии рисолаи тадкикотй. Барои рахандозй намудани максаду хадафхои тадкикотй мавриди мухокима муаллиф ба тадкикотхои назариявии сохаи ономастика, бавижа антропонимика, ки ахамияти методологию назариявй доранд, такя намуда, хулосахои хешро бо назардошти онхо пешниход кардааст. Хдмин тавр, поя ва асоси методолога ва назариявии рисоларо тадкикоту таълимоти олимони маъруфу машхури дунё, собик шуравй, рус, эронию точик, аз кабили В.И.Абаев, Р.Фрай, И.М.Оранский, Л.С.Пейсиков,
    Н.В.Подолская, А.В.Суперанская, Э.М.Мурзаев, В.А.Никонов, А.Л.Хромов, В.С.Расторгуева, О.Е.Гафуров, О.Махмадчонов, Парвиз Атобакй, Хусайн Шахиди Мозандаронй, Мубад Фирузи Озаргушасб, Мансури Растагори Фасой, Мухаммад Муин, Ч,алили Дустхох,
    А.Каримов, Р.Чураев, Ш.Хдйдаров, Т.Ваххобов, О.К,осимов, С.Абодуллоева, Р.Шоев ва дигарон ташкил намудаанд.
    і
    Методхои тадкикот. Барои тахдил ва баррасии маводи забонии «Шохнома» - номвожахои ашхос, ки теъдоди онхо дар худуди беш аз 700 мебошад, аз методхои тадкикотии сохторй, синхронй, диахронй, тасвирй-тахдилй бо истифода аз имконоти усулхои мукоисавй-таърихй ва дар мавридхои зарурй аз методи квантитативй (микдорй) ба манзури
    муайян намудани чандомади номвожахо дар «Шохнома» ва тавассутн ин муайян кардани мавкеи онхо бахрабардорй карда шуд.
    Дар мавриди чамъоварии маводи забони, яъне номвожахои «Шохнома», аз усули интихоби комили номвожахо аз мутуни интицодии ин асари бсбахо, бахусус чопи интикодии Маскав истифода гардидааст.
    Навгонихои тадкикот пеш аз хама иборат аз он аст, ки то ба хол номвожахои ашхоси «Шохнома» чун як чузъи мухими таркиби лугавй ва инчунин бахши мухими номхои хоси он махсуб меёбанд, дар забоншиносии точик мавриди коркарди мушаххас карор нагирифтаанд ва дар хамин замина мавзуи рисолаи номзадй карор гирифтани он мубрам ва саривактй мебошад. Кобили зикр аст, ки то ба хол ин мавзуъ дар забоншиносии эронй, аз чумла точик, бо тарз, усул ва равняй тадкикотие, ки дар тахия ва нигориши рисола истифода гардидааст, мавриди рахандозй карор нагирифтааст.
    Ахамияги назариявии тадкикот. Х,ар як тадкикот вобаста ба хадафи хеш кадамест ба пеш, кушишест барои омухтани як зухуроти забонй ва дар бисёр маврид чунин рахандозй боиси кашф гардидани пахлухои омухтанашудаи забон арзёбй мегардад. Омузиши номвожахои хос, умуман ва номвожахои асархои бадей, махсусан, боиси муайян кардани анъанахои суннатии номгузории гузаштагону имрузиёни мо мегардад. Аз ин ру, мавриди баррасии амик; карор додани номвожахои ашхоси осори бадей, дар мисоли «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй имкон медихад, ки дойр ба анъана, тарз, усул, сарчашма ва вежагихои номвожахои ашхоси гузаштагони хеш ошно гардем ва онро бо системаи номгузории имрузаамон мавриди киёс карор дихем. Хдмин тавр, тадкикоти мавриди мухокима даст дод, ки мо системаи номвожахои ашхоси ачдодони худро дар мисоли як асари бадей - «Шохнома» дар таърихи дарозо ва басе кадим, яъне асри X, ки давраи рушду такомули забони форсии точикии адабй мебошад, арзёбй намоем.
    Кобили зикр аст, ки баррасии амики сохтор ва маънидоди номвожахои ашхос дар забоншиносии мо бори нахуст сурат мегирад ва
    14
    тахлилу хулосахои чолиб пешниход мегардад, ки баёнгари ахамияти назариявии он махсуб меёбад. Тадкикоти мавриди мухокима имкон медихад, ки дар оянда системаи онимхо - номвожахои ду давраи такдирсоз (Сомониён ва Истиклолияти Точикистон) барои мардуми точик ва забони точикй бо хам киёсу баррасй гашта, умумияту вежагихои онхо муоина гардад.
    Ахамияти амалии тадкикот. Натичаю хулосахои рисола метавонанд барои тахия ва тартибн фарханги ягонаи номвожахои ашхоси забонамон, аз як тараф, ва мураттаб намудани лугати номвожахои ашхоси осори матбуи гузаштагонамон, аз тарафи дигар, истифода бурда шавад. Сониян, тадкикоти мавриди мухокима метавонад барои муайян кардани сарчашмахои ташаккули номвожахои ашхоси забонамон, роху усулхои номвожасозй ва моделхои он дар осори бадей ва киёси онхо ба системаи номвожасозй хидмат намояд.
    Натичахои тадкикотро барои тахияи лугату фархангхои номвожахои ашхос истифода бурдан имконпазир аст. Инчунин, дар заминаи тадкикот омода сохтани лексияхо оид ба ономастика, антропонимика ва номшиносии таърихию муосир ва амсоли онхо имконпазир мебошад. Маводи тадкики номвожахои ашхоси «Шохнома», ки дар рисола рахандозй гардидааст, дар мураттаб сохтани курси махсуси «Антропонимхо дар осори бадей» барои факултетхои суханшиносй хидмат хоханд намуд. Бар илова, истифодаи маводи тадкикию забонии рисола дар тартиб додани лугати этимологии номвожахои ашхос дорой ахамияти вежа мебошад.
    Маводи тадкикот. Маводи тадкикоти зерро номвожахои ашхоси «Шохнома»-и устоди сухан Абулкосими Фирдавсй ташкил медихад. Ин мавод дар мадди аввал аз «Шохнома»-и Абулкосими Фирдавсй (чопи интикодии Маскав, иборат аз 9 чилд, солхои нашр: 1960-1971) чамъоварй шуда, сипас, ба чопи Душанбеи он (иборат аз 9 чилд, 1987-1991) мукоиса гардида, талаффузи сахехи онхо интихоб шудааст. Барои пурра кардани номвожахо аз «Фарханги «Шохнома»-и Фритс Волф (1935), «Фарханги
    15
    «Шохнома». Номи касон ва чойхо»-и Хусайн Шахиди Мозандаронй, «Фарханги номхои «Шохнома»-и Мансури Растагори Фасой, «Вожаномак»-и Нушин, «Вожаномаи «Шохнома»-и Атобакй Парвиз, «Фарханги «Шохнома»-и Ризозода Шафак, «Фарханги «Шохнома»-и Махмуди Заіщонй, «Фарханги мухтасари «Шохнома»-и И.Ализода ва гайрахо ба таври васеъ истифода бурда шуд.
    Гузориши нагоичи тадкикот. Натичахои асосии тадкикот дар 9 маколаю гузориши илмй дар мачмуаю мачаллахои илмй, аз чумла 4 макола дар мачаллахои илмии дорой ичозати КОА ВМ Федератсияи Русия мебошанд, ба табъ расидаанд. Муаллиф аз руи мавзуи тадкикотй хеш дар конфронсхои илмии ДДХ ба номи академик Бобочон Гафуров, ДДТА Точикистон (солхои 2011-2013), семинархои илмии кафедраи умумидонишгохии забони точикии ДДХ, кафедраи забонхои точикй ва русии ДДТА Точикистон, конфронси олимони чавони вилояти Сугд ва гайрахо маърузахо ироа намудааст.
    Сохтори рисола. Рисола аз мукаддима, ду боб, хулоса ва натичагирй, руихати адабиёт, ихтисорахо, лугат (замима) иборат буда, 176 сахифаи чопии компютерй мебошад.
  • bibliography:
  • Хулоса ва натичагирй
    Тахлил ва баррасии номвожахои ашхоси «Шохнома» имконият фарохам оварданд, ки дар бораи нозукй ва хусусиятхои хоси як бахши номхои хоси осори хаттй маълумоти мо амику васеъ гардад. Боиси тазаккур аст, ки гузашта ин мавзуъ ба таври алохида ва мушаххас хадафи омузиш кдрор нагирифта буд. Омузиш ва баррасии пахлухои муайян ва мухими номвожахои ашхоси «Шохнома» имконият доданд, ки дар ин бахши рисола ба хулосахои зер оем:
    1. Дар ономастикаи точик номхои ашхоси адабиёти бадей (антропонимхо) то хол мавриди тадкику тахкик карор нагирифтаанд ва рисолаи мо дар тадкику тахкики антропонимхои адабиёти бадей икдоми аввалин ба хисоб меравад. Мо дар вакти халли ин мавзуъ бо бисёр масъала ва проблемахои халталаб вохурдем, ки тадкику тахлили хамаи онхо аз имкон берун аст. Аз ин ру, як гурух масъалахои марбути он (аз кабили сохтори номвожахо, баромади забонии онхо, антропонимхои эронии «Шохнома», чандомади номвожахо) ба сифати мавзуи омузиш пазируфта шуданд.
    2. «Шохнома»-и Фирдавсй махзани бебахои номхои шахе ба хисоб рафта, зиёда аз 700 номро дар бар мегирад. Бештари ин номхо баландмазмуну баландгоя буда, таърихи дурударозе доранд ва ин гувохй медихад, ки тахлилу тахкики хаматарафаи антропонимхои адабиёти бадей, умуман, антропонимхои «Шохнома», аз чумла, ахамияти калони илмй доранд.
    3. Дар вакти тадкику тахкики антропонимхои «Шохнома» шохиди он гардидем, ки як кисми зиёди номхои шахсии он дар осори гузаштагонамон - «Авасто», катибахои Хдхоманишй, навиштачоти пахлавй ва амсоли он вомехуранд, ки ба таърихи дуру дароз сохиб будани онхо гувохй медихад. Масалан, Гуштасп, Лухрасп, Кайораш, Кайпушин, Кайковус, ХУшанг ва гайра.
    4. Дар вакти тадкику тахлили чузъхои антропонимсози номхои хоси эронии «Шохнома» маълум гардид, ки дар сохтани антропонимхои
    125
    эронии «Шохнома» чузъхои зерин сермахсулу серистеъмол будаанд: асп, арда, бурзнн, бех, вон, гург, гул, гурд, зод, испанд, кай, шох, мехр, нуш, озод, мехр, тахм ва гайрахо.
    5. Тадлилу таълики номвожахои ашхос собит сохт, ки аз назари баромади забонй номвожахо ба гурухи зер тасниф мешаванд: а) номвожахои эронй; б) номвожахои арабй; в) номвожахои туркию мугулй; г) номвожахои юнонию лотинй; F) номвожахои хиндию арманй;
    д) номвожахои баромади забониашон номаълум.
    6. Дар байни номвожахои «Шохнома» мавкеи аввалиндарачаро антропонимхои эронй ишгол мекунанд. Тахлил эхсоияи номвожахо ва лугати онхо имкон медихад иброз намоем, ки номвожахои эронй 75-80% хамаи номхои ашхосро ташкил медиханд.
    7. Азбаски аксари антропонимхои эронии «Шохнома» таърихи зиёда аз духазорсола доранд ва то имруз ба тагйироти сохторй дучор гардидаанд, мо дар вакти тахлили хаматарафаи онхо ба принсипи этимологи такя кардем.
    8. Антропонимхои эронии «Шохнома» аз руи структураашон ба чор тип чудо карда шудаанд: а) антропонимхои сода; б) антропонимхои сохта; в) антропонимхои мураккаб; г) антропоним-композит ё номвожахо-иборахо. Кобили зикр аст, ки дар байни онхо антропонимхои мураккаб (Хуршед, Беварасп, Гулнор ва гайра), антропоним-иборахо (Туси Нузар, Рустами Зол, Золи Сом, Соми Наремон ва гайра) серистеъмол мебошанд.
    9. Аз руи материалхои «Шохнома»-и безавол маълум мегардад, ки дар гузашта ачдодхоямон тарзи фамилиясозии ба худ хос доштаанд ва ин даъвои баъзе мухаккиконро, ки дар байни точикон фамилия асосан баъд аз Инкилоби Октябр пайдо шуд, беасосу рад мекунад. Дуруст аст, ки баъд аз Инкилоби Октябр бисёр халку миллатхо тарзи фамилиясозии русиро кабул карданд, имруз бошад, баъди истиклолияти Точикистон таваччухи сохибони забон ба тарзу усулхои ачдодии ному насаб (фамилия)-и точикона боло гирифта истодааст.
    126
    10. Дар антропонимияи «Шохнома» гайр аз номхои эронй боз номхои арабй, турки, юнонй, яхудй ва як номи арманй (Бобуи арманй) кор фармуда шудааст. Дар вакти тахлилу тадкик маълум гардид, ки дар байни номхои гайриэронии «Шохнома» номхои арабии он мавкеи калонро ишгол мекунанд.
    11. Номхои юнонию яхудии кадим асосан тавассути забони арабй ва дини ислом бо талаффузи арабй ба системаи антропонимияи точик дохил шудаанд. Аз чониби дигар, эронихо пеш аз истилои араб махсусан ба Юнону Византия ва Рум алокаи илмию тичоратй доштанд ва хеч мумкин набуд, ки баъд аз истилои Искандари Макдунй дар Эронзамин (маънои классикиаш) таъсире намонда бошад.
    12. Баррасй ва таснифи номвожахои ашхоси «Шохнома» собит сохт, ки як гурухи муайяни номхоро аз руи баромади забониашон муайян кардан имконнопазир аст. Онхо ё ба яке аз забонхои мурдаи эронй мансубанд ва ё махсули тагйиру навишти котибони ин асар махсуб меёбанд.
    13. Зимни баррасй ва тадкики номвожахои ашхоси «Шохнома» аён ва муайян гардид, ки аз руи чандомади он чойи аввалро Рустам сохиб буда, дар матни «Шохнома» 782 маротиба истифода гардидааст. Дар чойхои дуюм Гударз - 463, сеюм Пирон - 362 ва чорум Сиёвуш - 362 карор доранд.
    14. Як кдсми номвожахои ашхос иктибосй буда, дар байни онхо аз руи чандомад Искандар (баромадаш юнонй) - 165 бор, К/шсар - 110 маротиб ва Хокон - 93 бор дар «Шохнома» истифода гардидаанд.
    15. Дар байни номвожахои ашхоси «Шохнома» як даста номвожахо-иборахо ба назар расиданд, ки дар онхо вожахои маъмулй ба сифати чузъи асосии номвожа-иборахо омада, як кисми таркибии ин номхоро ташкил намудаанд. Дар ин кабил номвожахо калимахои «солор, духтар, духт» мавкеи бештаре доранд (Духтари Ардавон, Духти Мехрак, Духти Пурон, Руини Пирон, Солори Пайканд, Солори Чин ва гайра).
    16. Номхои «Шохнома», ки дорой маънои чукуру гояи баланд мебошанд, истифодаи хдматарафаи онхо дар системаи номгузориамон хеле бамаврид аст. Масалан, Гурдофарид, Гардия, Бежан, Манижа, Фарангис, Ромин, Анушервон, Тахмина, Тахамтан, Тахмурасп, Рустам, Сиёвуш, Сухроб ва гайра.
    Руихати адабиёт
    1. Абаев В.И. О собственных именах нартовского эпоса//Язык и мышление. -Л., 1935.-С.63-78.
    2. Абаев В.И. Историко-этимологический словарь осетинского языка. Т.1. - М.-Л.: Наука, 1958. - 655 с.; Т.2., 1973. - 450 с.; Т.З., 1979. - 360 с.; Т.4., 1989.-326 с.
    3. Абаев В.И. К этимологии древнеперсидских имен Kurus, Kambujia, £і§рі§//Зтимология. - М., 1967. - С. 286-295.
    4. Абаев В.И. Тюркские элементы в осетинской антропонимии//Теория и практика этимологических исследований. - М., 1985. - С. 23-28.
    5. Абодуллоева С. Оид ба антропонимияи «Форснома»-и Ибн Ал- Балхй//Ахбори АИ Ч,Т: Шуъбаи илмхои чамъиятшиносй, 2008, №2. - С. 97-103.
    6. Абодуллоева С.Ю. Ономастика «Фарснаме» Ибн Ал-Балхи. Автореф.канд.филол.наук. - Душанбе, 2009. - 23 с.
    7. Абурайхони Берунй. Китоб-ут-тафхим. - Душанбе: Дониш, 1973. - 288 с.
    8. Айнй К., Ахрорй 3. Дар бораи «Шохнома», нусхахои асосй ва нашрхои ко мили он//Фирдавсй А. Шохнома. Ч,илди якум. - Душанбе: Адиб, 1987. -С. 5-14.
    9. Айнй С. Лугати нимтафсилии точикй барои забони адабии точик//Айнй С. Куллиёт. Чдвди 12. - Душанбе: Ирфон, 1976. - 566 с.
  • Стоимость доставки:
  • 230.00 руб


SEARCH READY THESIS OR ARTICLE


Доставка любой диссертации из России и Украины


THE LAST ARTICLES AND ABSTRACTS

Ржевский Валентин Сергеевич Комплексное применение низкочастотного переменного электростатического поля и широкополосной электромагнитной терапии в реабилитации больных с гнойно-воспалительными заболеваниями челюстно-лицевой области
Орехов Генрих Васильевич НАУЧНОЕ ОБОСНОВАНИЕ И ТЕХНИЧЕСКОЕ ИСПОЛЬЗОВАНИЕ ЭФФЕКТА ВЗАИМОДЕЙСТВИЯ КОАКСИАЛЬНЫХ ЦИРКУЛЯЦИОННЫХ ТЕЧЕНИЙ
СОЛЯНИК Анатолий Иванович МЕТОДОЛОГИЯ И ПРИНЦИПЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЦЕССАМИ САНАТОРНО-КУРОРТНОЙ РЕАБИЛИТАЦИИ НА ОСНОВЕ СИСТЕМЫ МЕНЕДЖМЕНТА КАЧЕСТВА
Антонова Александра Сергеевна СОРБЦИОННЫЕ И КООРДИНАЦИОННЫЕ ПРОЦЕССЫ ОБРАЗОВАНИЯ КОМПЛЕКСОНАТОВ ДВУХЗАРЯДНЫХ ИОНОВ МЕТАЛЛОВ В РАСТВОРЕ И НА ПОВЕРХНОСТИ ГИДРОКСИДОВ ЖЕЛЕЗА(Ш), АЛЮМИНИЯ(Ш) И МАРГАНЦА(ІУ)
БАЗИЛЕНКО АНАСТАСІЯ КОСТЯНТИНІВНА ПСИХОЛОГІЧНІ ЧИННИКИ ФОРМУВАННЯ СОЦІАЛЬНОЇ АКТИВНОСТІ СТУДЕНТСЬКОЇ МОЛОДІ (на прикладі студентського самоврядування)